МАШВАРАТҲОИ АВГУСТӢ — ЗАМИНАИ МУҲИМ БАРОИ ОҒОЗИ БОСИФАТИ СОЛИ ТАҲСИЛИ НАВ


Имрӯз, 18 августи соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ машваратҳои августии омӯзгорони фаннии муассисаҳои таълимии ноҳия ба кори худ оғоз намуданд.
Машваратҳои августӣ ҳамасола дар арафаи оғози соли нави таҳсил ҳамчун майдони муҳими омӯзиш, таҳлили фаъолияти касбӣ, табодули таҷриба ва шиносоии омӯзгорон бо навгониҳои соҳаи маориф баргузор мегарданд. Ҳадафи асосии машваратҳои имсола омодагии ҳамаҷонибаи омӯзгорон ба соли таҳсили нави 2026-2027, такмили маҳорати касбӣ, татбиқи усулҳои муосири таълим ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия мебошад.
Дар маросими ифтитоҳи машварат мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҷ. Маҷидзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ таъкид гардид, ки Машваратҳои августӣ танҳо як чорабинии анъанавӣ набуда, балки марҳилаи муҳими муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти омӯзгорон барои соли нави таҳсил ба ҳисоб мераванд. Аз омӯзгорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар ҷараёни машваратҳо мушкилоти воқеии таълими фанҳо, роҳҳои баланд бардоштани сифати дониш, истифодаи усулҳои фаъоли омӯзиш, муносибати инфиродӣ бо хонандагон ва таҷрибаи пешқадами педагогиро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор диҳанд.
Дар кори машварат директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Каримзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Мавсуф оид ба муҳиммияти такмили пайвастаи маҳорати касбии омӯзгорон, истифодаи самараноки технологияи муосир, татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим ва мутобиқ намудани фаъолияти омӯзгор ба талаботи замони муосир ибрози андеша кард. Ҳамзамон, вобаста ба вазифаҳои омӯзгорон дар соли нави таҳсил, баланд бардоштани масъулияти касбӣ ва беҳтар намудани сифати дарсҳо тавсияҳои муфиди методӣ пешниҳод гардиданд.
Пас аз анҷоми қисми ифтитоҳӣ омӯзгорон аз рӯи фанҳои таълимӣ ба гурӯҳҳои алоҳида тақсим шуда, фаъолияти худро дар бахшҳои фаннӣ оғоз намуданд.
Дар ҷараёни кори бахшҳо масъалаҳои вобаста ба навгониҳои соҳаи маориф, такмили мазмун ва методикаи таълими фанҳо, истифодаи усулҳои фаъоли омӯзиш, технологияҳои рақамӣ ва имкониятҳои зеҳни сунъӣ, арзёбии дастовардҳои таълимии хонандагон, кор бо хонандагони болаёқату сустхон, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва ташкили самараноки дарсҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Омӯзгорони соҳибтаҷриба намунаҳои таҷрибаи пешқадами педагогии худро муаррифӣ намуда, иштирокчиён вобаста ба мушкилоти таълими фанҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо мубодилаи афкор карданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба он равона гардид, ки ҳар як омӯзгор соли нави таҳсилро бо нақшаи мушаххас, омодагии ҷиддии касбӣ ва усулҳои наву самараноки таълим оғоз намояд.
Дар идомаи машварат муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Ҷ. Ғаюрзода иштирок намуда, аз ҷараёни фаъолияти бахшҳои фаннӣ ва сатҳи ташкили машварат дидан кард. Зимни боздид ба масъалаҳои сифати баргузории машғулиятҳои методӣ, иштироки фаъоли омӯзгорон, муҳокимаи навгониҳои соҳа ва омодагии касбии онҳо ба соли нави таҳсил таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Назорат ва ташкили машваратҳои августии омӯзгорони фаннии муассисаҳои таълимии ноҳияро мудири кабинети методии назди шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Зиёдулло Восидов ба уҳда дорад.
Бояд қайд намуд, ки машваратҳои августии омӯзгорони фаннии ноҳияи Исмоили Сомонӣ давоми ду рӯз — 18 ва 19 августи соли 2026 баргузор гардида, дар доираи онҳо масъалаҳои муҳими таълимию методӣ аз рӯи ҳамаи фанҳои таълимӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода мешаванд.
Интизор меравад, ки натиҷаҳои машваратҳо барои баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон, беҳтар намудани сифати таълим, паҳн намудани таҷрибаи пешқадам ва оғози муваффақонаи соли таҳсили нави 2026–2027 заминаи мусоид фароҳам меоранд.
[21.08.2026 9:22] Abduhalim Gh: ИМЗОИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ МИЁНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МАРКАЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИРТИБОТИ ФАРҲАНГИИ МАЛАЙЗИЯ
Имрӯз, 18 августи соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо Дабири кулли Ассотсиатсияи байналмилалии таҳсилоти фаромиллӣ ва Раиси Маркази байналмилалии иртиботи фарҳангии Малайзия Ниси Бай, директори иҷроияи «ITEA Jobs» Чжан Чжи Ҳао ва муовини директори иҷроия Бенҷамин Леонг вохӯрӣ намуд.
Зимни вохӯрӣ вазири маориф ва илм меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки мулоқоти мазкур идомаи мантиқии муколамаи созандаи ҷонибҳо буда, барои гузариш ба марҳалаи нави ҳамкориҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.
Таъкид гардид, ки натиҷаҳои сафари намояндагони Ассотсиатсияи байналмилалии таҳсилоти фаромиллӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 9-10 апрели соли 2026 ва мулоқотҳои баргузоршуда имкониятҳои воқеии роҳандозии ҳамкориҳои дарозмуддат, татбиқи барномаҳои муосири таълимӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнатро нишон доданд.
Дар идома ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориро дар самтҳои табодули академии омӯзгорону донишҷӯён, таъсиси барномаҳо ва марказҳои муштараки таълимӣ, рушди таҳсилоти фаромиллӣ, татбиқи барномаҳои дудиплома, ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат, такмили ихтисос, баргузории чорабиниҳои илмию таълимӣ ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин, вобаста ба ҷалби муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ, татбиқи барномаҳои байналмилалии бурсиявӣ ва таъсиси озмоишгоҳҳои муосири таълимию инноватсионӣ дар самтҳои STEM, зеҳни сунъӣ, технологияҳои таълимӣ ва таҳсилоти касбӣ табодули афкор сурат гирифт.
Вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, бо роҳнамоӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди сармояи инсонӣ, рақамикунонии раванди таълим, дастгирии илму инноватсия ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир мегардад.
Зикр шуд, ки ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи байналмилалии таҳсилоти фаромиллӣ ва Маркази байналмилалии иртиботи фарҳангии Малайзия метавонад барои ворид намудани таҷрибаи пешқадам, технологияҳои муосири таълим ва моделҳои самараноки омодасозии кадрҳо мусоидат намояд.
Дар доираи вохӯрӣ Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази байналмилалии иртиботи фарҳангии Малайзия ба имзо расонида шуд. Санади мазкур барои рушди ҳамкориҳои амалӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла, таҳия ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, такмили ихтисоси омӯзгорону мутахассисон, рушди малакаҳои касбӣ ва идоракунӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, табодули таҷриба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак заминаи ҳуқуқию ташкилӣ фароҳам меорад.
Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии худро барои таҳияи нақшаи муштараки чорабиниҳо бо муайян намудани самтҳои афзалиятнок, муҳлатҳои иҷро, масъулон ва натиҷаҳои интизоршаванда изҳор дошта, ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои созанда, амалӣ ва натиҷамеҳвар дар соҳаи маориф ва илм изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
ИМЗОИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ МИЁНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МАРКАЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИРТИБОТИ ФАРҲАНГИИ МАЛАЙЗИЯ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *